Related items
Showing items related by metadata.
-
Corporate general interestДастур оид ба ҳисоббрории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва банақшагирии ҳосилнокӣ 2022
Also available in:
No results found.Нашрияи пешниҳодшуда барои тартиб додани низоми обёрии зиратҳои кишоварзӣ ҳангоми ба нақша гирифтани ҳосилнокии онҳо бо назардошти тағйир ёфтани иқлим пешбинӣ шудааст. Дар он алгоритми ҳисоббарории реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба ҳосилнокии нақшавӣ, ки аз чор марҳила иборат аст, равшан дарҷ гардидааст. Инчунин дар ин дастур маълумот оид ба ҳисоббарории намнокии қабати фаъоли хок қабл аз обмонӣ, давраҳои инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ, усулҳои тартиб додани реҷаи обёрӣ, ки аз теъдод, меъёр ва санаи обмониҳо, мӯҳлати байни обмониҳо ва гидромодули онҳо иборат мебошанд, муфассал оварда шудааст. Баҳри тартиб додани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ҳангоми банақшагирии ҳосил истифодаи усули графоаналитикӣ ва аналитикӣ пешниҳод шудааст. Дар охир, мувофиқи моделҳои пешгӯии тағироти иқлим, принсипи мутобиқгардонии реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ ба тағирёбии иқлим оварда шудааст. Дастури мазкур бароии мутахассисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муҳандисони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, кормандони вазорату идораҳои марбут ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об, донишҷӯёни соҳаҳои гидромелиоратсия, аграрӣ, иқтисодиёти аграрӣ ва дигар истифодабарандагони об пешбини шуда, бо қарори Шӯрои методии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон суратҷаласаи №13 аз 02.07.2021 ба чоп тавсия шудааст. -
Technical studyДастури таълимии истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop барои банақшагирии об бо назардошти тағироти иқлим 2022
Also available in:
No results found.Дар дастурамали таълимии мазкур маълумоти умумӣ дар бораи омода сохтани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар истифода аз барномаи компютерии AquaCrop оварда шудааст. Инчунин барномаи AquaCrop тағйирёбии ҳосили зироатҳои яксолаи кишоварзиро дар шароите, ки омили асосии маҳдудкунанда ин дастрасӣ ба оби обёрӣ аст, моделронӣ менамояд. Ин барнома барои моделронии обталабии зироатҳои обӣ ва лалмӣ истифода карда мешавад. Дар боби аввал маълумоти қадам ба қадам омодашуда оиди дастрасӣ ба файлҳои насбкунӣ, шиносоӣ бо барномаи компютерии AquaCrop ва ба кор омодасозии он оварда шудааст. Дар боби дувум пайдарҳамии қадамҳо оид ба омода сохтани маълумотҳои ибтидоии иқлимӣ (боришот, суръати шамол, намнокии нисбии ҳаво, ҳарорати максималӣ ва минималии ҳаво, нурпошии офтоб), ворид намудани онҳо ба барнома баҳри ҳисоббарории обталабнокии зироати намунавӣ ЕТо оварда шудааст. Ҳам чун мисол барои ҳисоббарорӣ шарту шароити водии Ҳисорро интихоб менамоем. Дар боби сеюм итилоот оид ба омода сохтан ва ворид намудани маълумотҳои ибтидоӣ оид ба хок ва хусусиятҳои физикӣ ва механикии он ба воситаи истифодаи барномаи «Soil Water Characteristics» оварда шудааст. Дар боби чорум пайдарҳамии қадамҳо оид ба омода сохтани маълумот оиди зироатҳои кишоварзии интихоб гашта, сохтани файли «зироат» пешниҳод мешаванд. Дар ин файл маълумот оиди тақвими парвариши зироати кишоварзӣ вобаста ба марҳилаҳои ташаккулёбӣ ва мушоҳидаҳои фенологӣ дохил карда мешавад. Ҳам чун мисол барои ҳисоббарорӣ зироати пахтаро интихоб менамоем. Дар боби панҷум пайдарҳамии қадамҳо оид ба ворид кардани маълумот оид ба идоракунии обёрӣ оварда шудаанд. Дар ин равзана намуди обёрӣ намудани зироати кишоварзӣ, чуқурии обмонӣ, фосилаи байни обдиҳиҳо вобаста ба марҳилаи тараққиёти зироат интихоб карда мешавад. Боби шашум ба моделсозии обталабии зироатҳои кишоварзӣ бахшида шудааст. Ин ҷо истифодабарии барномаи компютерии AquaCrop қадам ба қадам бо расмҳо нишон дода шудааст. Боби ҳафтум ба шароити маҳаллӣ мувофиқ намудани бузургиҳои гуногуне, ки ба барномаи компютери дохилшудаанд бахшида шудааст. Ҳангоми дар саҳро ҷамъоварӣ намудани маълумот оиди рушди фенологии зироат, метавонем бузургиҳоро дар барнома тағйир диҳем, то ки модели мо ба шароити маҳал наздиктар гашта ҳисоббарориҳо боз ҳам дақиқтар шаванд. Дар боби ҳаштум пайдарҳамии қадамҳо оид ба арзёбӣ ва моделсозии обталабнокии зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи сенарияҳои гуногуни тағйирёбии иқлим пешкаш шудаанд. Ин ҷо дар истифода аз барномаи генератори обу ҳаво «ClimaSG» истифода бурда маълумотҳои иқлимиро барои сенарияҳои гуногуни тағйирёбии иқлим омода сохта тарзи муқоисаи натиҷаи моделронии обталабнокии зироатҳои кишоварзӣ оварда шудаанд. -
Programme / project reportТавсияҳо оид ба "Реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021
Also available in:
No results found.Тавсияи мазкур дастурест, ки дар асоси меъёрҳои мавҷудаи баҳодиҳии талаботи об барои зироатҳои гуногуне, ки дар ҳавзаҳои дарёҳо парвариш карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, лоиҳаи ФАО барои таҳияи нашрияҳои алоҳида барои ҳар як ҳавзаи дарёҳои Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад, ки ин нашрия ҳавзаи дарёи Зарафшонро дар бар мегирад. Нашрия барои муҳандисони об, таҷрибаомӯзон, хоҷагиҳои хурд ва оилавӣ, мутахассисони ҷавон, аъзоёни Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилотҳои ҳавзаи дарёҳо ва дигар шахсони манфиатдор таҳия шудааст. Нашрия ба таври қулай ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Илова бар ин, Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри нашрияро тавсия додааст. Нашрия мутобиқсозии меъёрҳои мавҷудаи обёрии зироатҳоро бо мақсади дастгирии истифодабарандагони об барои баҳодиҳии дақиқи талаботи оби зироат дар шароитҳои гуногуни тағйирёбии иқлим ва тағйироте, ки дар қисми болоии ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзии воқеъ дар Тоҷикистон рух медиҳанд, шарҳ медиҳад.
Users also downloaded
Showing related downloaded files
No results found.